Бо ҷалби коршиносони ECAC барои кормандони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон даври омӯзишӣ гузаронида шуд

Май 6, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони мақомот ва сохтору воҳидҳои  авиатсионии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории даври омӯзишӣ, ки дар мавзуи «Омодакунии аудиторони миллӣ – дараҷаи I»  дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносони пуртаҷриба аз Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ (ECAC)  баргузор гардид, донишу малакаи худро такмил доданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи даври омӯзишӣ, ки аз рӯи Лоиҳаи CASE II гузаронида шуд,   баланд бардоштани касбияти кормандон  ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад. Дар ҷараёни даври омӯзишӣ мутахассисони Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ ба  кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат ва ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар самти  бехатарии авиатсионӣ машғулияти  омӯзишӣ гузарониданд.

Иштирокдорони даври омӯзишӣ инчунин бо нуқтаҳои муоинаи пешазпарвозии мусофирон дар фурудгоҳҳои мамлакат шинос шуданд.

Баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ бо иштироки кормандони  соҳа дар самти бехатарии авиатсионӣ ва таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат ва рушди авиатсияи гражданӣ нақши муассир мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд