Дар семоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондааст

Май 17, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Дар семоҳаи якуми соли равон дар мамлакат 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондааст». Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара ибрози назар намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, «дар моҳҳои январ – апрели соли равон дар мамлакат 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва дар вилояти Суғд- дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст, ки ин беамалии масъулини соҳаро нишон медиҳад».

Инчунин Пешвои миллат афзуданд, ки «дар давра дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Камбудиҳои гуфташуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат гардидаанд».

«Камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи кори нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард сари вақт бояд ҳал карда шаванд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар робита ба ин масъала Президенти Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш доданд, ки иҷрои супоришҳои қаблан додашударо оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми ватанӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот ҳатман таъмин намоянд.

Президенти мамлакат иброз намуданд, ки «дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз зиёд мебошад. Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст. Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст».

Сарвари давлат яке аз омилҳои кам гардидани истеҳсолоти саноатиро  кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) ҳисобида, иброз намуданд, ки ин омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.

Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки барои ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар мамлакат ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд масъалаи насби панелҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Дар Рим ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ шуд
Дар доираи «Душанбе Инвест-2025» мубоҳисаи канории «Маблағгузории иқлим ва бозорҳои карбонӣ» баргузор гардид
Баҳодур Шерализода ва Татяна Молчан Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологиро баррасӣ намуданд
Имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи коркард ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар доираи ҷаласаи канорӣ баррасӣ шуданд
Абдулло Орифов: «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ мебахшад
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад»
Ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА». Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» чорабинии канорӣ доир шуд
Пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад