Дар шаҳри Қазвини Эрон фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Май 12, 2025 15:57

ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 май дар шаҳри Қазвини Эрон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қазвин, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон мулоқотҳо анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мулоқот бо раиси вилояти Қазвин Маҳмуд Нӯзарӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ бо раиси шаҳри Қазвин Маҳдии Саббоғӣ масъалаи барқарорнамоии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Қазвин ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.

Дар мулоқот бо раиси Утоқи (Палатаи) бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии  вилояти Қазвин Маҳдии Абдиён ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо баён карданд. Ҷониби эронӣ барои баргузории намоишгоҳи молу колои Қазвин дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик изҳори алоқамандӣ намуд.

Ҳайати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Қазвин дар барномаи «Панҷоҳбадар»-и ин шаҳр иштирок намуда, фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Дар ибтидои барнома Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба муштаракоти фарҳангии ду мамлакат, бахусус ҷашни Наврӯз ва оинҳои дигари ниёгон, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эҳё гардида, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, сухан гуфт. Ҳамзамон аз таҳкими рӯзафзуни ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Эрон изҳори ризоият намуд.

Сипас шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, ҳамчунин  шоирон ва адибони Қазвин шеърхонӣ намуданд.

Дар идома Муҳаммад Нузарӣ – устондори (раиси вилояти) Қазвин ба зарфияти иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии Қазвин ишора намуда, дар ин заминаҳо хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуд.

Иҷрои барномаи мусиқӣ ба ҳамоиш анҷом бахшид.

Ҷашни «Панҷоҳбадар» ҳар сол баъди 50 рӯзи Наврӯз ба нияти фаровонии борон таҷлил шуда, рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат аст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Май 12, 2025 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд