Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст

Май 10, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 1 миллиону 852,2 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   385 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ медиҳад Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориши вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон.

Дар ҷумҳурӣ солҳои охир ба рушди қолинбофӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷониби  Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шудааст.

Ҳадафи ин барнома ҳавасмандгардонии сармоягузорон, таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, кам кардани маҳсулоти воридотӣ ва таъмини ҳарчи бештари бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Инчунин он барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин, тақвияти иқтидори содироти маҳсулоти тайёр, таъмини аҳолӣ бо шуғл, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо замина мегузорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд