Дар Тоҷикистон аввалин нуқтаи миллии мубодилаи интернет ифтитоҳ шуд

Май 24, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аввалин нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

IXP инфрасохторест, ки ба провайдерҳо ва ташкилот имконият медиҳад трафикро мустақим мубодила намоянд.

Ҳадафи он баланд бардоштани суръати дастрасӣ ба интернет, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо мебошад.

Ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99 фоиз баробар мебошад. Аз назари хусусиятҳои техникӣ таъмини воситаҳои назорат ва амниятро кафолат медиҳад.

TJ-IX дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ҷойгир буда, Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ин ҷамъият нақша дорад нуқтаҳои онро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ташкил намуда, платформаҳои  байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.

Ифтитоҳи TJ-IX қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Хадамоти алоқа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад