Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол гардидааст

Май 13, 2025 15:44

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои мамлакат 3,2 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  18,3 фоиз ё қариб 500 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои се моҳи соли равон иттилоъ додааст.

Дар Тоҷикистон раванди истеҳсоли макарон тавассути хати муосири технологӣ аз тайёр намудани хамир, башаклдарорӣ, буридани маҳсулоти хом, хушк сохтан, ҷудо намудан ва бастабандӣ кардан иборат мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ корхонаҳои коркарди ғалла ва истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ бо истифода аз таҷҳизоти технологии истеҳсоли Туркия, Украина, Чин, Италия, Венгрия ва Русия таъсис ёфтанд. Инчунин фаъолияти корхонаҳои бозмонда аз нав барқарор карда шуд. Афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои саноатӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба пешрафти соҳаи саноат мусоидат намуд.

Ба тавсияи ғизошиносон, агар макарон дар зарфи ҳавоногузар гузошта ва дар ҷои хушк нигоҳ дошта шавад, муҳлати истеъмоли он то 8-10 сол дароз хоҳад шуд. Агар макарон ранги якхела, сафед ё зардчатоб ва бӯйи хос дошта бошад, он  босифат аст. Вале агар шикастагӣ ё майдашуда, таъмаш турш ва бӯяш ҳархела бошад, он бесифат ва ё муҳлати нигоҳдориаш гузашта мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2025 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд