Форуми муколамаи вазирон дар заминаи устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд

Май 29, 2025 16:32

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим боиси он гардидааст, ки бояд тамоми давлатҳо нисбат ба ҳифз ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, алалхусус ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо тадбирҳои бунёдӣ андешанд. Ин матлаб имрӯз зимни Форуми муколамаи вазирон оид ба устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён гардид.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни ифтитоҳи форум иброз намуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо метавонад боиси афзоиши офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, ярч ва хушксолиҳои тӯлонӣ гардад, ки ин дар навбати худ ба суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳдид менамояд.

Форум аз ду ҷаласа иборат буда, дар ҷаласаи аввал сиёсатмадорони сатҳи баланд, аз ҷумла вазирони муҳити зист стратегияҳо ва сиёсатҳои миллӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мутобиқсозии иқлим ва ҳамкории обро баррасӣ намуданд.

Ҷаласаи дуюм ба бунёди шабакаҳо ва шарикӣ барои муттаҳид кардани кӯшишҳои ҳифзи табиат тавассути ҷалби ҷомеаҳо, бахусус ҷавонон, занон, академияҳо ва бахши хусусӣ равона гардид.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ дар замони муосир дониста мешавад. Он  ба табиат ва ҳам ба инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Таъсири манфии он дар шакли баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво дар сайёра, тағйир ёфтани реҷаи бориш, афзоиши фишори офатҳои табиӣ ва таназулёбии экосистемаҳои табиӣ мушоҳида мегардад. Яке аз пайомадҳои аён ва нигаронкунанда дар натиҷаи тағйирёбии иқлим — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки таъсири амиқ ва тахрибикунанда ба захираҳои об, мувозинати экологӣ ва устувории иқтисодиро дар тамоми сайёра дар пай дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд