ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?

ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд, ки ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд. Вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ин қонунро на ҳамаи падару модарон риоя менамоянд.
Масалан, тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбат ба волидайни се ноболиғ барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.
Ин ноболиғони кордбадаст ҳангоми истифодаи машрубот ва тамоку худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Ин амали онҳо метавонад ба дигар ноболиғон таъсири манфӣ расонад.
Вобаста ба ин аз ҷониби шуъба ин наврасон дар ҳузури волидайн барои минбаъд такрор накардани ин амали нодуруст ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд. Новобаста аз чораҷӯии кормандони ниҳодҳои дахлдор иҷро нагардидани талаботи қонун аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон низ ба назар мерасад.
Мисоли дигар вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби як гурӯҳ хонандагони синфҳои 9-11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Шаҳринав мебошад. 1 майи соли 2025 як хонандаи ин мактаб дигариро бо тухми хом мезанад ва дигар хонандагон хандида, инро ба навор гирифта, дар шабакаи иҷтимоӣ мегузоранд. Нисбат ба падару модарони хонандагон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Бо мақсади пешгирии чунин амал моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модарро уҳдадор намудааст, ки ба кӯдак фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва барои дар вақти дарс истифода набурдани он тадбир андешанд.
Инчунин тибқи банди дигари ҳамин модда волидон вазифадор гардидаанд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.
Вобаста ба ин аз ҷониби шуъба хонандагон дар ҳузури волидайн барои минбаъд такрор накардан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли модарони тоҷикро даъват намуданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро муаллими аввалини ҳар шахс модар аст.
«Таваллуд кардем, тарбия низ бояд кунем. Бетарбия, ки монд, ба ҳар гуна равия меравад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо раҳм ба падару модари худ низ намекунанд», — таъкид намуданд Роҳбари давлат.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста кӯшиш намуда, мақомоти дахлдорро низ вазифадор менамояд, ки дар ин самт ҷиддӣ кор баранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Ба андешаи омӯзгори синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилафрӯз Одинаева, барои тарбияи дурусти фарзанд ва дар руҳияи хайрхоҳӣ ба камол расонидани он, пеш аз ҳама, волидайн вазифадоранд.
«Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафӣ ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад. Гарчанде имрӯзҳо бисёре аз падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон ва хату саводи хуб гирифтани онҳо кӯшиш менамоянд, дар ин баробар волидоне низ ёфт мешаванд, ки нисбат ба тақдири фарзандонашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд. «Масалан, хонандае бе ягон сабаб дар дарсҳо иштирок намекунад. Вақте ки сабабашро аз волидонаш мепурсӣ, ба ҷойи ҳалли мушкилӣ ба муаллим дағалгуфторӣ мекунанд»,-мегӯяд ӯ.
Омӯзгори синфҳои ибтидоии ҳамин муассиса Шаҳло Фахриддинова мегӯяд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ робитаи падару модар бо муассиса то андозае беҳтар шудааст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҷараёни тарбия ва хату саводи кӯдаки худ ҳамеша бохабар бошанд.
Пас маълум мегардад, ки аксаран падару модарон дар синни хурдӣ ба фарзандон диққат дода, дар зинаи болоӣ, дар давраи бисёр ҳассоси ҳаёти онҳо- ба балоғат расидан онҳоро беназорат мегузоранд.
Дилафрӯз Одинаева иброз медорад, ки волидайн бояд ҳамеша огоҳ бошанд, ки фарзандонашон дар кӯча бо киҳо дӯстию суҳбат мекунанд, ба тамошои кадом филмҳою барномаҳои телевизионӣ рағбат доранд, сатҳи фаҳмишашон чӣ гуна аст? Ин гуна маълумот тарбияи фарзандонро барои онҳо осонтар месозад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасон ба мутолиаи китоб ҷалб намудани онҳо мебошад.
Ба андешаи декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф, сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз оила сар мезанад.
Номбурда ба он назар аст, ки кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя мерасад, онро аз худ намуда, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
«Ҳамзамон таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имконияти мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаваду робитаи мутақобили онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест»,-мегӯяд ӯ.
Тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд, ки ба кӯдак инчунин фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва барои дар вақти дарс истифода набурдани он тадбир андешанд.
Педагогҳои барҷаста ба такрор таъкид намудаанд, ки ҳар бадбахтӣ, мусибат ва нокомию шикаст пайомади тарбияи нодуруст аст. Тавре шоири соҳибхиради тоҷик мегӯяд:
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.
Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонашонро тарбияи хуб намуда, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар роҳнамоӣ намоянд. Ҷавононро чунон бояд тарбия кард, то ба қадри озодию истиқлол ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистон бирасанд, дар пойдории сулҳу субот ва пешрафти сарзаминамон пайваста талош намоянд.
Ба ақидаи равоншиносон, тарбия ҳанӯз аз батни модар оғоз мегардад. Модар бояд дар давраи ҳомиладорӣ ба хондани китобҳои бадеиву тарбиявӣ машғул шавад. Хубгуфторию муносибати хуб бо аҳли оила ва ҳамсоягон модари мушфиқу ғамхор буданро нишон медиҳад. Чӣ хулқу атворе, ки модар дорад, аксаран ҳамон хислатҳо ба фарзанд таъсир мерасонанд ва мегузаранд.
Ба андешаи коршиносон, таълиму тарбия кори дастҷамъӣ буда, дар ин росто нақши оила, кӯдакистон ва мактабу ҷомеа басе муҳим аст. Муассисаҳои таълимии томактабиро низ зарур аст насле тарбия кунанд, ки содиқу худогоҳ бошад, зеро эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз мешавад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Педагогҳоро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, то ҳар мураббию омӯзгор рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.
Дар китоби панду ахлоқии Унсурулмаолии Кайковус -«Қобуснома» дар мавриди тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модарон ва омӯзгорон масъул дониста шудаанд. «Пас бояд, ки ҳарчӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ… ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…».
Барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон ҷомеа низ бояд бори масъулият бар дӯш дошта бошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»