«INFOCM 2025». Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим иштирок доранд

Май 12, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим «INFOCM 2025»  ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок доранд.

Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни форум намояндагони 13 давлати ҷаҳон масъалаҳои рушди устувор, истифодаи самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи минералҳои муҳимро баррасӣ менамоянд.

«INFOCM 2025» барои табодули таҷриба, муколамаи муфид ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои табиӣ минбари муҳим арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки форум ду рӯз идома ёфта, дар назар аст, ки дар доираи он намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохӯриҳо баргузор намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Май 12, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад