ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Давлат» тавассути меҳнати ҳалол хароҷоти оиларо пурра таъмин менамоянд

Май 4, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Хоҷагии деҳқонии «Давлат» бо роҳбарии сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Меҳроҷиддин Шехов аз соли 2001 фаъолият дорад. Дар 8 гектар замини хоҷагӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, помидор, бодиринг, кабудӣ, инчунин гандум, шолӣ ва пахта низ кишт мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ин хоҷагии деҳқонӣ Меҳроҷиддин Шехов иброз намуд, онҳо оилавӣ ба ин кор машғул буда, хароҷоти оиларо аз ҳисоби корҳои хоҷагидорӣ пурра таъмин менамоянд. Маҳсулоти боқимондаро дар бозор ба фурӯш мегузоранд.

Меҳроҷиддин Шехов соҳиби 5 фарзанд буда, бо 4 писараш ба деҳқонӣ машғул мебошад. Писари калонӣ Илҳом Шехов аз уҳдаи рондани ҳамаи намуди техникаи кишоварзӣ баромада, корҳои хоҷагидориро анҷом медиҳад.

«Мо тамоми техникаи кишоварзиеро, ки барои парвариши маҳсулот зарур ҳастанд, дорем. Яъне, техникаро ба  кироя намегирем, ки ин кори моро осон мекунад. Инчунин заминҳои дигар хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллаи зистамонро бо истифода аз техникаи кишоварзиямон кишт менамоем»,-мегӯяд Меҳроҷиддин Шехов.

Тавре мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, яке аз сабабҳои  рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин истифодаи самараноки нуриҳои органикӣ мебошад. Зеро он яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.   Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, аз ҳамин сабаб онҳо бештар аз нуриҳои органикӣ истифода менамоянд.

Имсол дар хоҷагии деҳқонии «Давлат» дар 3 гектар чигит, дар 2 гектар гандуми навъи «Краснодар», дар 2 гектар картошка ва  дар 1 гектар шолӣ кишт намуданд.

«Ҳамасола кӯшиш менамоем, ки аз меҳнати кардаамон ҳосили хуб ба даст биёрем. Ҳар сол 2 тонна гандум барои истифодаи оила ҷудо менамоем, боқимондаи онро барои соли минбаъда захира мекунем. Инчунин картошка, пиёз ва биринҷро низ захира менамоем»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аҳли хоҷагии деҳқонии «Давлат» замини наздиҳавлигияшонро низ самаранок истифода мебаранд.

Меҳроҷиддин Шехов иброз дошт, ки «мо дар замини наздиҳавлигӣ баробари кишти помидор дар байни қаторҳои он барои нигоҳ доштани намнокии замин ҷуворимакка коридем. Дар қисматҳои холии замини помидор ҳоло бодиринг кишт менамоем. Пас аз ҷамъоварии гандум боз кишти васеи ҷуворимакка ва дигар намуди сабзавотро мегузаронем».

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Давлат» иброз намуд, ки аксар вақт ҳосили маҳсулоти киштнамудаи онҳоро ҳамсояҳо бо нархи арзон аз сари замин  мехаранд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид намудаанд, ки бояд шаҳрвандони мамлакат аз ҳар қитъа замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода намоянд. Тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил аз як замин ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лӯбиё) равона созанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид