Китоби «Театр дар назди микрофон» ба нашр расид

Май 8, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Театр дар назди микрофон» китоби нави номзади илмҳои филология, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода ба нашр расид, ки он кӯшиши нахустини феҳристнигорӣ дар соҳаи радиои тоҷик мебошад.

Тавре муаллифи китоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар китоб зиёда аз 200 номгӯй силсилабарномаҳои радиотеатру «Театр дар назди микрофон» ва инсенировкаҳои адабии Радиои Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд. Китоб дар бораи ҳайати эҷодӣ  иборат аз журналистон, муҳаррирон, адибон, дараматургон, коргардонҳо ва танзимгарони овозе маълумот медиҳад, ки ҳар яке мувофиқи малакаи хеш ба халқу Ватан хизмат намуда, дар ин баробар барои афзудани шуҳрату шукуҳи барномаҳои баландмазмуни радиоӣ умри худро дареғ надоштаанд.

Муаллиф дар китоби худ хонандаро, аз як тараф бо муҳтавои гуфторҳои саҳнавӣ шинос намуда, аз ҷониби дигар дастандаркорон ва иҷрокунандагони нақшҳои онҳоро муаррифӣ менамояд ва барои аз хазинаи Радиои Тоҷикистон пайдо намудани гуфторҳо кумак мерасонад.

Ба феҳрист барномаҳо аз соли 1948 то имрӯз дохил шуда, барои пажӯҳишгарон, кормандони соҳа ва мухлисони барномаҳои соҳавии радиоӣ пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд