Коллексияи либосҳои донишҷӯёни тоҷик дар Озмуни умумирусиягии «Нафаси баҳор» сазовори ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос таҳти унвони «Нафаси баҳор» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия коллексияи гурӯҳии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фотима Шоева ва Зуҳро Шоева таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» дар номинатсияи «Самти ман» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷоиза дар расми ҷамъбасти озмун ба донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносӣ Фотима Шоева дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Озмун аз 16 то 22 май дар Мактаби муҳандисии либоси Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург баргузор гардид.
Коллексияи донишҷӯён Фотима Шоева ва Зуҳро Шоева дар рӯзи дуюми озмун намоиш дода шуд. Дар ҳар либоси коллексия унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса ифода гардидаанд. Дар намунаҳои либосҳои офаридаи ин донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.
Озмуни «Нафаси баҳор» умумирусиягӣ буда, дар он тарроҳон ва моделони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Русия ва иштирокдорон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват мешаванд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ, моделсозӣ ва санъат, инчунин мутахассисони ҷавон, ки на камтар аз 3 сол дар ин соҳа фаъолият доранд, мебошанд.
Озмун соли 1992 аз ҷониби Мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис дода шуда, ҳадафи он таҳия ва пешниҳоди коллексияҳои муосиру ҷаззоб ва неруи кадрӣ дар соҳаҳои мӯду дизайн мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон










Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






