Нахустин Анҷумани вазирони фарҳанги давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 май дар шаҳри Қазон дар доираи Форуми XVI байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum», нахустин Анҷумани вазирони фарҳанги давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар форум намояндагони Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Гвинея-Бисау, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Мавритания, Аморати Муттаҳидаи Араб, Уммон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, инчунин роҳбарияти Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони исломии илм ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Дар форум масъалаи муколамаи фарҳангҳо ҳамчун пояи ҳифзи ҳувият ва гуногунии фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода иброз намуд, ки Анҷумани вазирони фарҳанги давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ майдони муҳими мубодилаи таҷриба ва барқарорсозии робитаҳои нави фарҳангӣ мебошад.
«Тоҷикистон, ки дар масири таърихии Роҳи Абрешим ҷойгир аст, асрҳо боз ҳамчун пули байни тамаддунҳо хизмат кардааст. Он имрӯз низ ин анъанаро идома дода, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ташвиқ менамояд», — гуфт Манучеҳр Шарифзода.
Намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин доир ба ҳамгироии фарҳангҳо, ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои мубодилаи байнифарҳангӣ ва муколамаи фарҳангҳо, дастгирии соҳаи эҷодиёт ва ҳамгироии фарҳанг ба муҳити рақамӣ, таҳияи низоми идоракунии барномавӣ-ҳадафманд дар соҳаи фарҳанг, инчунин таъсиси заминаи ҳуқуқии тиҷоратисозии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ пешниҳодҳояшонро манзур намуданд.
Намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ҳамтоёнашон масъалаҳои ҳамкорӣ, тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштаракро дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таблиғи мероси фарҳангӣ муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






