«НИДОИ ЛОЗУР». Таҳти чунин унвон Форуми пиряхҳо ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад

Май 14, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Нидои лозур» Форуми пиряхҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Форуми пиряхҳо намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ ташкил мегардад, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандон, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои ороишӣ-амалии ҳунармандони тоҷик — аз қолинбофӣ то заргарӣ пешниҳод мегарданд.

Ҳамчунин барномаи фарҳангӣ иборат аз оҳангу рақсҳои тоҷикӣ  дар иҷрои ҳунармандон пешниҳод мешавад.

Дар доираи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор намудани ин намоиш ва барномаи фарҳангӣ муаррифии фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид