САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими нави саёҳати дохилӣ оғоз гардид. Дар доираи он сокинон барои истироҳату фароғат, зиёрати оромгоҳҳои шахсиятҳои бузург, солимгардонӣ дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар менамоянд. Вобаста ба ин АМИТ «Ховар» ба сокинони мамлакат мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Дар се моҳи соли 2025 маконҳои сайёҳӣ-таърихии ноҳияи Восеъро 13 ҳазору 997 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамошо намудаанд. Аз ин шумора 12 347 нафари он сайёҳи хориҷӣ ва 1650 нафар сайёҳи дохилӣ мебошанд. Ба маълумоти шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб, аксари ин сайёҳон дар ноҳияи Восеъ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» шинос гардида, маълумоти таърихӣ ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 ба ноҳияи Восеъ 26 ҳазору 140 сайёҳ сафар намуд. Аз ин шумора 22 ҳазору 130 нафарро сайёҳони хориҷӣ ва 4010 нафарро сайёҳони дохилӣ ташкил доданд.
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб қарор дошта, 16 гектарро дар бар мегирад. Девори ҳимоявии қаср 2 метр паҳноӣ ва то 13 метр баландӣ дорад. Ҳудуди қаср 2 гектарро фарогир аст. Манораҳои қалъа то 25 метр баландӣ доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид.
Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукуҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он баръало шаҳодат медиҳанд.
Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» бо Осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст.
Осорхона ва «Қалъаи Ҳулбук» ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.
Ҳамаи тасвирҳои анҷомдода табиӣ буда, бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ зебоии нотакрореро таҷассум менамоянд. Маҳз ҳамин хусусият боис шудааст, ки ҳамасола теъдоди меҳмонону сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин гӯшаи Тоҷикистон зиёд мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз созем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Қалъаи Ҳулбук ба асрҳои X – XI мансуб мебошад. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст. Яъне вай аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл дар аҳди Кӯшониён бино гашта, дертар таъмиру тармим шуда, ниҳоят дар шакли хеле пурвусъат аз нав сохта шудааст.
Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадимӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Аксар вақт чунин бошишгоҳҳои мустаҳкамро дар буни кӯҳ ё дар баландии даромадгоҳи шаҳрҳо месохтанд ва онҳо аҳамияти мудофиавӣ доштанд. Аммо қалъаи Ҳулбук дар ҷойи ҳамвор сохта шуда, манзалати он чун пойтахти вилояти бузурге шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук бозёфтҳои дорои таъйиноти ҳарбӣ хеле кам ба назар мерасанд ва баръакс, дар он тамоми нишонаҳои шаҳри мутамаддин мавҷуданд: деворҳои қалъаро меъморони қадим бо хишти хом бардошта, сипас бо хишти пухта рӯйкаш намудаанд.
Суннати дигари ниёгон, ки дар Қасри Ҳулбук таҷассуми худро ёфтааст, гаҷкориҳои он мебошад. Садҳо пораҳои хурду калони гаҷҳои гулбурида, ки ҳангоми ҳафриёт ёфт шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Онҳо як замоне девори хонаҳо, сутуну айвонҳо ва толору роҳравҳои қасри шоҳонро зиннат медоданд.
Биноҳо тарзе оро ёфтаанд, ки ягон композитсияи алоҳида дубора такрор нашудааст. Тасвири махлуқот ва махсусан шер, ки бештар дар сутунҳои айвонҳо омадааст, хусусияти хос дорад.
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд, ки дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон дастоварди муҳим маҳсуб мешавад.
Дар назди ин ёдгории таърихӣ мағозаи «Армуғон» кушода шудааст. Мағоза бо мақсади ҷалби бештари диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад. Ҳамзамон гурӯҳи занони гулдаст дар ин ҷо ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо намунаҳои гуногуни нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар намуди сӯзаниҳоро пешкаши сайёҳон менамоянд. Ҳунармандони атрофи ин мавзеъ низ имконият доранд маҳсули меҳнаташонро ба мағоза пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Ҳулбук мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим-и ЮНЕСКО ворид гардид.
Соли 2016 Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» ҷоизаи «Global rating nomination»-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳидро соҳиб шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






