Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки саноат ва технологияҳои нав дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Шумин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи махсусро ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона намуданд, ки ҳадафи онҳо таҳкими иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз сатҳи ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, сохторҳо ва ширкатҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои иштирок дар нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, ки моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикию дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






