Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи барқарорнамоии ҳаракати автобусҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаракати автобусҳоро дар хатсайрҳои «Хуҷанд-Ӯш», «Хуҷанд-Ботканд» ва «Исфара-Ботканд» барқарор намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ин масъала зимни мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баррасӣ гардид. Ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва ифтитоҳ шуда буданд.
Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи иқтидори транзитии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки барои интиқоли борҳои Қирғизистон аз қитъаи роҳи оҳани «Спитамен – Истиқлол – Спитамен»-и вилояти Суғд аз нав истифода бурда шавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






