Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд

Май 15, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистон ва  Ҷопон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои об изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои шарикӣ бо Ҷопон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика аҳамияти хос зоҳир менамояд.

Сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои рушд ва густариши робитаҳо дар самти таъмини рушди устувори энергетикӣ иброз дошт.

Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки энергетикӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд