Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст

Май 2, 2025 14:14

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мамлакат ба бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ба муваффақияти бузург ноил гардиданд.

Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ,  фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва кафолати амнияти энергетикии мамлакат мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика кӯшишҳои зиёд ва назаррас анҷом дода шуданд. Новобаста аз корҳои анҷомдода, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар мамлакат нигаронкунанда мебошад.

Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.

Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,

— нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025  75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди  ҷарима пешбинӣ  гардидааст. Аз ҷумла:

— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;

— ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;

— ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15 000 то 22 500 сомонӣ.

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Тавре гуфтем, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели  соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро  барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон,  бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян карда шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.

Тарафи субъективӣ – қасди бевоситаро ташкил медиҳад, яъне, гунаҳкор дарк менамояд, ки давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари молу мулкӣ мерасонад ва хоҳиши содир кардани чунин кирдорро дорад. Субъекти ин ҷиноят шахси  мукаллафи ба синни 16 расида ба ҳисоб меравад.

Дар ҳолати аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он, бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад. Маблағҳои барои истифодаи қувваи барқ супорида метавонанд барои рушд додани соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум сарф шаванд. Тасарруфи қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки хатари ба вуҷуд овардани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сӯхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии одамонро дар пай дорад.

Дар бисёр кишварҳо тасарруфи барқ ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мувофиқат менамояд. Ин метавонад барои баробар кардани усулҳо дар мубориза бо чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад.

Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як моддаи 2531   Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27 375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.

Агар кирдорҳои номбаршуда ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифодаи аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 моддаи номбаршуда ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Дар таҷриба чунин кирдор бисёртар аз ҷониби назоратчиёни ҳисоби барқӣ, ки бо шаҳрвандон забон як карда, нишондоди истифодашудаи қувваи барқро бо мақсади насупоридан ё камтар супоридани қувваи барқ тағйир медиҳанд ва ё дигар мансабдороне, ки аз мақоми хизматии худ суиистифода менамоянд, содир мегардад. Зимни оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ кирдори онҳо ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноят баҳо дода мешавад.

Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ – ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба  мардум зарар расонида мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.

Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.

Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои  асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.

Ҳисобкунакҳо бояд муҳр (пломба) дошта бошанд ва ҳар гуна тағйирот дар он танҳо бо иштироки мутахассисони расмӣ бояд гузаронида шавад. Аз насби дастгоҳҳои магнитӣ ё дахолати техникии ғайриқонунӣ худдорӣ бояд кард. Дар ҳолати шубҳа ба нишондоди ҳисобкунак фавран ба мутахассисони соҳа муроҷиат намудан зарур  аст.

Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намоянд ва ба исрофи беҳудаи неруи барқ, ки  барои ҳама зарур мебошад, роҳ надиҳанд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Май 2, 2025 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзёбии чангу ғубор ва таъсири манфии он ба вазъи беҳдоштӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЛОГЕРОНИ ТОҶИК НИЁЗ БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДОРАНД! Ва ё насли наврас аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё рафтору гуфтори блогерон чӣ меомӯзад?
Барои кӯдакон аз кадом синну сол бояд китоб хонданро шуруъ кард?
Имрӯз ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода 114 сол пур мешавад
ОБ-АСОСИ МАВҶУДИЯТИ ИНСОН. Дар партави ташаббусҳои наҷотбахши Президенти Тоҷикистон
Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват менамояд
Тут меваи ширину лазиз буда, масунияти инсонро баланд мебардорад
«ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ МУҒ». Нодиртарин ёдгориҳои Тоҷикистон ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Райҳон ба бисёр бемориҳо шифо мебахшад
НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Тоҷикистон ба мавҷи аккумуляторҳои истифодашудаи онҳо чӣ гуна омодагӣ мебинад?
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Хоҷагии деҳқонии «Раҳим Салим» дар ноҳияи Восеъ дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»