Юсуф Маҷидӣ: «Ҷалби маблағ барои ҳифзи пиряхҳо омили асосии рушди устувори иқтисодиёт аст»

Май 29, 2025 19:10

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби маблағҳои устувор дар самти фаъолият ва лоиҳаҳо на танҳо ба ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳад, балки устувории иқтисодиётро тавассути идоракунии оқибатҳои коҳишёбии пиряхҳо  баланд мебардорад. Чунин иброз дошт муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ имрӯз дар конфронсе, ки дар мавзуи «Кушодани ҷараёнҳои устувори маблағгузорӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиш дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид. Дар он иброз шуд, ки ҷалби маблағ барои ҳифзи пиряхҳо омили асосии рушди устувори иқтисодиёт буда, ба таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим осебпазир аст.

Муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ иброз дошт, ки тағйирёбии ҳарорат ва обшавии босуръати пиряхҳо тағйирёбии ҷараёни дарёҳоро зиёд намуда, боиси хушксолии тӯлонӣ, шиддат гирифтани офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани талабот ба захираи об ва кори обанборҳо мегардад.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чорабиниҳои муштаракро оид ба ҷалби ҷонибҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ баргузор карда, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро вобаста ба энергетика, амнияти озуқаворӣ, камбизоатӣ ва нақлиёти устувор таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд