1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад

Июнь 28, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 8 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 47 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 1 июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда,  қисми А-ро месупоранд, ки он дар 47 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд