Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми вазирони илм, технология ва инноватсия дар Чин иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи дуюми вазирони илм, технология ва инноватсия дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ифтитоҳи ҷаласа ҳайатҳо аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа яке аз ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ дар самти густариши ҳамкории илмӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Ҳадаф аз баргузории он таҳкими робитаҳои давлатҳои иштирокчӣ дар бахшҳои афзалиятноки илму техника, дастгирии таҳқиқоти муштарак ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои муосири инноватсионӣ арзёбӣ мегардад.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳамчун идомаи сиёсати хориҷии дар самти рушди ҳамкории илму маориф ва таҳкими ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дониста мешавад.
Ҷаласа то 12 июн идома ёфта, иштироки фаъоли ҳайати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳо ва вохӯриҳои сатҳи дуҷониба пешбинӣ шудааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






