Ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо имзои Протокол ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ иштирок ва сухан намуданд.
Ҷаласаро раиси Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, директори генералӣ ва раиси ҶСК «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозеров ифтитоҳ ва роҳбарӣ намуд.
Олег Белозеров афзуд, ки дар ҷаласа чун анъана натиҷаҳои фаъолияти соли гузаштаи Шуро ҷамъбаст ва вазифаҳои давраи ояндаи он муайян карда шуданд. Дар ҷаласа ба афзоиши мол ва интиқоли мусофирон таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 афзоиши ҳамлу нақли бор дар кишварҳои узви Шуро 15 фоизро ташкил дод. Ҳамлу нақли мусофирон бошад 13,4 фоиз афзуда, дар сатҳи ҳамлу нақли байналмилалӣ ба 9,3 миллион мусофир расид. Илова бар ин, Олег Белозеров гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти тафтиши кори мақомоти иҷроия ва кории Шуро ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода шуда, самтҳои рушди он муайян гардиданд. Ин имкон дод, ки нақшаи беҳтар ва мукаммал намудани кори онҳо дар ҷаласаи Шуро тасдиқ карда шавад.
Иброз гардид, ки дар доираи Шуро бо мақсади таҳияи механизмҳои идоракунии долонҳо, мувофиқа кардани шартҳои тарифҳо, татбиқи рақамикунонӣ ва беҳтар намудани таъминоти логистикӣ Гурӯҳи стратегӣ оид ба рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ таъсис дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба фаъолияти дирексияи Шурои маъмуриятҳои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раиси Дирексияи Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои ИДМ Виктор Попов сухан намуд. Номбурда иброз дошт, ки давоми як соли охир Дирексияи Шуро 48 маҷлис ва ҷаласаҳои гуруҳи корӣ ва коршиносонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи аз соли 2020 то соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Тибқи тартиби муқарраршуда, ҳисобот ба Кумитаи иҷроияи ИДМ барои баррасӣ аз ҷониби мақомоти олии ИДМ пешниҳод карда мешавад. Дар анҷоми ҷаласа барои саҳми бузург дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳани ИДМ ба намояндагони маъмурияти роҳи оҳани ИДМ мукофоту ифтихорномаҳои Шуро дар маросими ботантана супорида шуд.
Ҷаласаи навбатии Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ яке аз низомҳои бузргтарини нақлиёти ҷаҳонӣ буда, дар рушди долонҳои байналмилалии интиқоли транзитии байни давлатҳо нақши муассир мебозад.
Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани ИДМ 14 феврали соли 1992 дар асоси Созишнома оид ба мақомоти ҳамоҳангсози нақлиёти роҳи оҳани ИДМ таъсис дода шуд. Зарурати таҳкими робитаҳои устувори иқтисодии давлатҳои мустақил, ки дар тафовут аз дигар давлатҳо соҳиби роҳи оҳани бараш 1520 мм буданд, сабаби ташкил шудани мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан дар миқёси ИДМ гардид.
Шуро ҳамчун мақомоти ҳамкории соҳавии маъмуриятҳои роҳҳои оҳан, ҳамоҳангсозии фаъолияти нақлиёти роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои ИДМ –ро дар сатҳи байнидавлатӣ барои коркарди принсипҳои мувофиқашудаи фаъолияту истифодаи самараноки онро ба роҳ мемонад.
Дар кори Шуро маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Инчунин маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Гурҷистон, Эрон Латвия ба ҳайси узви вобаста ва маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Литва, Эстония тибқи созишномаҳои алоҳида фаъолият доранд. Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи касаби роҳиоҳанчиён ва роҳсозони нақлиёт нозири кори Шуро мебошанд.
Ҷаласаҳои Шуро, ки ҳамасола ду маротиба гузаронида мешаванд, масъалаҳои ҳалталаби соҳавӣ, аз қабили фаъолияти роҳҳои оҳан дар самтҳои байналмилалӣ, истифодаи якҷоя ва нигаҳдории техникаи парки вагонҳои боркашу контейнерҳо, қоида ва шароити мусофирбарию боркашонӣ, ҷадвали ҳаракат ва нақшаи ташаккули қатораҳо, таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо, муқаррар намудани саёсати тарифӣ, коркарди системаи қайду ҳисобаробаркуниҳо барои корҳои иҷрошудаю хизматрасониҳо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, рушди ҳудуди ягонаи итттилоотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти нақлиёти роҳи оҳанро баррасиву ҳал менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»