Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.20253. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани яке аз ҷашнҳои ниёгонамон — Тиргон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинӣ.
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат аз навъҳои гуногуни зироат манора бо ороиши махсус омода намуданд. Инчунин меваю сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд, ки мароттибаи дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро собит менамояд.
Инчунин дар ин ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолуи тару тоза ва хушкмеваҳои дигар низ пешниҳод гардидааст. Аз ҷониби кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз меваи зардолу навъҳои гуногуни шарбату обмева омода гардида, манзури иштирокдорон гардидаст.
Олимони соҳаи кишоварзӣ ба меҳмонон доир ба парвариши ниҳолҳои зардолу варақаҳои иттилоотӣ омода намуданд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ҷашнгоҳ маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд
Дар назар аст, ки имрӯз барномаи фарҳангӣ доир шуда, кишоварзони фаъоли мамлакат қадрдонӣ гарданд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашн тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонон аст.
Ҷашни Тиргон бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






