Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи густариш додани ҳамкории илмиро баррасӣ намуда, вобаста ба табодули таҷриба намудани устодону донишҷӯёни пешниҳоди мушаххас намуданд.

Намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти марказҳои забономӯзии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ маркази даврҳои омӯзишии забони кореягӣ амал мекунад, ки ба хоҳишмандон мутахассисони Ҷумҳурии Корея дарс мегӯянд.

Марказ бо аёният ва техналогияи нави муосири таълимӣ таъмин буда, дар он имконияти хуби забономӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июнь 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд