Байни Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим ифтитоҳ гардиданд

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ гардиданд, дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Нахустин парвози мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин тавассути ширкати ҳавопаймоии чинӣ анҷом дода шуд.
Субҳи 16 июн дар Фурудгоҳи «Пекин Дасин» аз ҷониби ширкати «China Southern Airlines» маросими ифтитоҳи нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Пекин-Душанбе баргузор шуд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода парвози мустақими мусофирбарӣ дар масири Душанбе -Пекинро барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистону Чин таърихан муҳим арзёбӣ намуд.
«Ин масир на танҳо василаи ҳамлу нақл байни ду давлат, балки рамзи таҳкими равобити дуҷониба, ҳамкории созанда ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳои мо мебошад», — гуфт Ҳабибулло Назарзода.
Дар маросими ифтитоҳи хатсайр муовини директори генералии ширкати «China Southern Airlines» Тсюй Гуантсзи иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Пекин ва Душанбе пули ҳавоии муносибатро байни Чин ва Тоҷикистон фароҳам меорад. Он ба таҳкими тиҷорати дуҷониба, табодули фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, инчунин ба рушди муносибатҳои ду кишвар ва робитаҳои минтақавӣ такони наву устувор мебахшад.
Нахустин парвоз дар масири Пекин –Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 787 анҷом дода шуд. Дар оянда ҳавопаймои Боинг 737-8 дар ин масир ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз менамояд.
«Ҳавопаймо аз Фурудгоҳи «Пекин-Дасин» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Ҳавопаймо дар самти бозгашт аз Душанбе соати 22:30 парвоз намуда, ба Пекин рӯзи дигар, соати 07:20 мерасад.
Вақти парвоз дар масири Пекин –Душанбе аз як тараф тақрибан 7 соат ва бозгашт 6 соат аст. Бояд тазаккур дод, ки пеш аз парвоз ширкати «China Southern» дар Фурудгоҳи «Пекин Дасин» сутунҳои иловагии бақайдгириро ташкил намуд, лавҳаю тахтаҳои электронӣ ва маълумотдиҳӣ гузошта, теъдоди кормандони русзабонро зиёд кард, то ба мусофирон дар масъалаи ҳуҷҷатҳо, бақайдгирӣ ва супоридани бағоҷ кумак расонанд. Хусусан ба мусофирони кӯҳансол, наврасон ва оилаҳои кӯдакдор таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ба онҳо пешакӣ курсиҳои бароҳат ҷудо гардида, дастурҳо оид ба гузаштан аз тамоми марҳилаҳои парвоз дода шуд.
Панели нави шаффофи зеҳни сунъӣ дар сутуни байналмилалии бақайдгирӣ (сутуни C36), ки тарҷумаи 14 забонро доро мебошад, ба мусофирон хидматҳои машваратии зеҳниро пешниҳод менамояд.
Дохили ҳавопаймо бо истифода аз унсурҳои анъанавии ороиши чинӣ, аз қабили гулдӯзӣ ва чароғҳои ороишӣ оро дода шуда, ба мусофирон таомҳои чинӣ (аз қабили мурғ бо абалон, қаннодии бо гули шафтолу омодашуда) ва хӯрокҳои аврупоӣ (ба монанди гӯшти гов бо гарнир) пешниҳод карда шуданд. Ба ифтихори ифтитоҳи масири нав ҳангоми парвоз чорабиниҳои фароғатӣ низ гузаронида шуд.
Парвози мустақим байни Пекин ва Душанбе дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.
Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо Директори тичоратии ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» Ван Чжэнем баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар партави сиёсати дарҳои боз ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии мамлакат шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мунтазам афзоиш меёбад. Дар ин замина, хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои Истанбул, Дубай, Москва, Алмато, Тошканд, Деҳлӣ ва Теҳрон фаъол гардидаанд, ки дар муаррифии иқтидори транзитии мамлакат ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ нақши муҳим доранд.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар оянда низ бо мақсади тақвияти рақобатпазирии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва шумораи парвозҳои байналмилалӣ пайваста зиёд мегардад.
Лайло ТОИРӢ,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»