Дар 11 гектар замини «Боғи анор»-и шаҳри Норак корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғи анор», воқеъ дар шаҳри Норак 10 навъи анор парвариш меёбад. Боғи мазкур дар масоҳати 124 гектар доман паҳн намуда, дар 11 гектари он бо сабаби хушкшавии ниҳолҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад.
Айни замон мутасаддиён барои ба даст овардани ҳосили фаровон дар «Боғи анор» корҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳоро анҷом дода истодаанд.
Тибқи иттилои масъулин, онҳо аз боғи мазкур дар як сол зиёда аз 60 тонна ҳосил ба даст меоранд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз моҳи октябр оғоз шуда, то охирҳои моҳи ноябр идома меёбад. Дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо анори ватанӣ, инчунин он ба содирот нигаронида шудааст.
Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2010 аз ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Эрон ниҳолҳои анор барои парвариш оварда шуданд, аммо ба ин минтақа мувофиқ наомаданд. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон асосан панҷ навъи анор павариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил медиҳад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.
Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст.
Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобастааст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад






