Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раванди таҳия ва татбиқи «Барномаи давлатии баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва таъсиси академияи бонкӣ дар назди Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқоти фосилавии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози минтақавии фонд Павел Шуст баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Барномаи REMIT PRIME*, арзёбии ҳолати кунунии татбиқи барномаи мазкур, инчунин имкониятҳои саҳмгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026»-ро муҳокима намуданд.
Мусоҳибон иброз доштанд, ки омодаанд ҳамкории тарафайнро бо назардошти афзалиятҳои миллӣ ва дурнамои рушди фарогирии молиявӣ тақвият бахшанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
*REMIT PRIME: Ин барнома дар Осиёи Марказӣ татбиқ гардида, самташ ба афзоиши таъсири интиқоли пул тавассути тавсеаи дастрасӣ ба интиқоли рақамии пул, мусоидат ба фарогирии рақамӣ ва молиявӣ ва афзоиши дастрасии даромад барои муҳоҷирони бозгашта аст.REMIT PRIME бахше аз стратегияи Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар Осиёи Марказӣ мебошад.








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд






