Дар Душанбе ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид

Июнь 10, 2025 15:04

ДУШАНБЕ,10.06.2025/АМИТ «Ховар»/. 11 масъалаи муҳими марбут ба ҳамкории мақомоти роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ ифтитоҳ намуда, доир ба дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои охир сухан намуд. Инчунин дар ҷаласа комёбиҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа раиси Дирексияи Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои ИДМ Виктор Попов доир ба фаъолияти Шуро ва таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маърӯза намуд.

Дар ҷаласа роҳбарони маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои ИДМ ва давлатҳои Балтика масъалаҳои марбут ба фаъолияти мунтазами хоҷагидорӣ ва молиявии идораҳои роҳи оҳан, сиёсати тарифӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон, таҳияи нақшаҳои ҳамкории минбаъдаи маъмуриятҳои роҳи оҳан ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ яке аз низомҳои бузргтарини нақлиёти ҷаҳонӣ буда, дар рушди долонҳои байналмилалии интиқоли транзитии байни давлатҳо нақши муассир мебозад.

Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани ИДМ 14 феврали соли 1992 дар асоси Созишнома оид ба мақомоти ҳамоҳангсози нақлиёти роҳи оҳани ИДМ таъсис дода шуд. Зарурати таҳкими робитаҳои устувори иқтисодии давлатҳои мустақил, ки дар тафовут аз дигар давлатҳо соҳиби роҳи оҳани бараш 1520 мм буданд, сабаби ташкил шудани мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан дар миқёси ИДМ гардид.

Шуро ҳамчун мақомоти ҳамкории соҳавии маъмуриятҳои роҳҳои оҳан, ҳамоҳангсозии фаъолияти нақлиёти роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои ИДМ –ро дар сатҳи байнидавлатӣ барои коркарди принсипҳои мувофиқашудаи фаъолияту истифодаи самараноки он амалӣ менамояд.

Айни замон дар кори Шуро, маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Русия иштирок менамоянд. Инчунин маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Гурҷистон, Эрон Латвия ба ҳайси узви вобаста ва маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Литва, Эстония тибқи созишномаҳои алоҳида фаъолият доранд. Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи касаби роҳиоҳанчиён ва роҳсозони нақлиёт нозири кори Шуро мебошанд.

Ҷаласаҳои Шуро, ки ҳамасола ду маротиба гузаронида мешаванд, масъалаҳои ҳалталаби соҳавӣ, аз қабили фаъолияти роҳҳои оҳан дар самтҳои байналмилалӣ, истифодаи якҷоя ва нигаҳдории техникаи парки вагонҳои боркашу контейнерҳо, қоида ва шароити мусофирбарию боркашонӣ, ҷадвали ҳаракат ва нақшаи ташаккули қатораҳо, таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо, муқаррар намудани саёсати тарифӣ, коркарди системаи қайду ҳисобаробаркуниҳо барои корҳои иҷрошудаю хизматрасониҳо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, рушди ҳудуди ягонаи итттилоотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти нақлиёти роҳи оҳанро баррасиву ҳал менамояд.

Интизор меравад, ки дар доираи ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ баргузор гардад. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ ва имтиёзҳо дар пешниҳоди хизматрасониҳои роҳи оҳан ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳани ИДМ матраҳ хоҳад гашт.

Дар доираи ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе намунаи дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон, инчунин саноатчиёну кишоварзони мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ ва ҳайатҳо онро тамошо карданд.

Ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пагоҳ дар Душанбе корашро идома медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳоле дар Душанбе баргузор мегардад, ки дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ИДМ-ро ба уҳда дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2025 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд