Дар Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии оморӣ оғоз гардид, ки он то 5 июн идома меёбад.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҷиҳати баландбардории сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаи таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои аъзо ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ аз Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирад.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки танҳо бо ҳамкории муштарак дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, таҳияи маълумоти кушода ва ташаккули он дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли оморӣ оид ба равандҳои тиҷорат ва умуман дар татбиқи воситаҳои муосири коркард ва интиқоли иттилоот дар соҳаҳои гуногун метавонем муваффақ гардем.
АКС: Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






