Дар Душанбе масъалаи таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 3, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат дар ҷаласаи «Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Комиссия, муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, муовини якуми Раиси Комиссия Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва роҳбарони аввали корхонаҳои авиатсионӣ, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа омодагии босифат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани аудити Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Тавре таъкид гардид, яке аз масъалаҳои асосӣ ва пешбарандаи соҳаи авиатсияи гражданӣ ин таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ мебошад, ки дар асоси талаботҳои қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тибқи талаботи ин қарор ҷаласаи «Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ» дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид