Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Чин баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳайати Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Синзян ва Котиби шаҳри Урумчӣ Ҷан Жу баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Синзян-Уйғурро дар самтҳои афзалиятноки саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ, инфрасохтор ва логистика баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, ҷониби Чин ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нассоҷӣ, энергияи «сабз», металургия, зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, фармасевтика, логистика, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок, инчунин таҷдиди гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» даъват карда шуд.
Ҷан Жу аз рушди босуръати Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоди «сабз», саноат ва содирот истиқбол намуда, изҳор дошт, ки Синзян омода аст робитаҳоро бо Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» ва дигар механизмҳои ҳамкории минтақавӣ тақвият бахшад.
Иштирокдорони бахши хусусии Чин пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ба соҳаҳои коркард ва истифодаи технологияҳои нав, ҳамзамон густариши тиҷорати сарҳадӣ ва логистика баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади татбиқи натиҷаҳои бадастомада ҳамкориро тавассути ниҳодҳои марбута ва бахши хусусӣ идома дода, татбиқи лоиҳаҳои стратегиро пайгирӣ ва тақвият мебахшанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






