Дар Душанбе оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд

Июнь 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-василаи таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирӣ аз исрофкорӣ, экстремизм ва терроризм ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки мавзуи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб шуда, Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти чораҳо дар ин самт барномаҳои гуногун қабул намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.

«Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ҳамчун санади стратегӣ ва барномаи воқеии рушди миллӣ қабул шудааст. Он дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, нақши муҳим мебозад. Ҷавонон бояд худшиносу ватандӯст бошанд ва ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ муқовимати қавӣ нишон диҳанд», — афзуд ректори донишгоҳ.

Ҳамчунин иброз шуд, ки барои Тоҷикистони мустақил масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа масъулияти муҳим дониста мешавад. Зеро бо баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва дониши илмии ҷомеа шароите муҳайё мегардад, ки шаҳрвандон дар амалисозии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати мамлакат мустақилонаю самаранок саҳм мегузоранд.

Дар ҳамоиш доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккулёбии ҷаҳонбинии инноватсионии ҷавонон, инчунин истифодаи самараноки неруи барқ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд