Дар мавзуи ташаккул ва рушди синошиносӣ дар Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид

Июнь 5, 2025 13:42

ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Ташаккул ва рушди синошиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» конфрони илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Иштирокчиёни конфронс вобаста ба таҳқиқи минбаъдаи осори Ибни Сино, омӯзиши таҳқиқоти файласуфони муосир, ки ба таҳлили фалсафаи Ибни Сино бахшида шудаанд, зарурати тарҷума, чопи асарҳои Ибни Сино ва дастрас намудани онҳо ба хонандагон ибрози андеша намуданд.

Иброз гардид, ки осору афкори Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз на танҳо аҳамияти илмиро гум накардаааст, балки бо мурури замон боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мешаванд. Хосса, осори бо забони тоҷикӣ навиштаи Сино дар рушди забони фалсафӣ ва илмии тоҷик нақши намоён дорад. «Донишнома»-и Сино гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илм ва фалсафа аз даврони қадим ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 5, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд