«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Дар меҳмонии Душанбе» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фестивал то 27 июн идома ёфта, иштирокдорони он дар баробари иштирок дар бахшҳои озмунии фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт шинос мешаванд.
Фестивали байналмилалии «Дар меҳмонии Душанбе» ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки зиёда аз 120 нафар кӯдакону наврасон баргузор мегардад.
Дар фестивал кӯдакону наврасон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мебошад.
Мақсади фестивал инчунин омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ, мусоидат ба рушди эҷодиёти мусиқию бадеии насли наврас ва дар ин замина муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти рушди кӯдакон мебошад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






