Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб се неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб се неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Неругоҳи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур ва Гулзор то охири моҳи июни соли равон ва неругоҳи деҳаи Булункӯл охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур бо тавоноии 2,8 МВт (бо насби батареяи захираи энергия 1,4 МВт.соат), Гулзор бо тавоноии 450 кВт (батареяи захираи энергия 220 кВт.соат) ва Булункӯл бо тавоноии 565 кВт (батареяи захираи энергия 360 кВт.соат)-и ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб шинос шуд.
Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ таъмини аҳолии минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар шароити душвори иқлимии ноҳияҳои баландкӯҳ ба беҳтар гардидани шароити зисти аҳолӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа ва иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллии таъмини истиқлоли энергетикӣ мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






