Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст

Июнь 29, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Ёвон  22 184 тонна ғаладонагиҳо ва дигар намуди маҳсулоти барвақтӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин хусус сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Инчунин то имрӯз кишоварзони ноҳия 2745 тонна картошка, 17868 тонна сабзавот, 8715 тонна пиёз, 3200 тонна сабзӣ, 3450 тонна карам ва 2503 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ карда, ба бозорҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Дар ноҳияи Ёвон соли равон дар 6848  гектар гандум, 486 гектар ҷав,  380 гектар картошка, 1701 гектар сабзавот, 800 гектар пиёз, 80 гектар сабзӣ, 115 гектар карам ва 77 гектар дигар намуди сабзавот кишт намудаанд, ки имрӯзҳо ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ бомаром идома дошта,  бо мақсади  самаранок истифодабарии замин кишти такрорӣ  гузаронида шуда истодааст.

Соҳаи чорводорӣ  дар ноҳия рушд меёбад.  Дар Фермаҳои калони чорвопарварии  ноҳия баҳри захираи хӯроки чорво тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Барои захираи хӯроки чорво дар ноҳия дар майдони 2995 гектар беда мавҷуд буда, аз он барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистони дар пешистода 2410 тонна тарбеда ва 4473 тонна беда ҷамъоварӣ  шудааст,  ки захиранамоии хӯроки чорво имрӯзҳо  идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд