Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст

Июнь 27, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар радифи дигар мавзӯъҳо, гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» амал мекунад, ки дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин гӯша, хусусан аксҳои гуногун аз рафти музокирот, ки дар кишварҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардида буданд, пешниҳод шудаанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид иброз намуд, нигораҳои арзишманд дар гӯшаи «Ваҳдати миллӣ» хеле зиёд ва нодир ҳастанд. Аз ҷумла, қаламе, ки 11 декабри соли 1996 дар музокирот дар Хостдеҳи шимоли Афғонистон бо он ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд, дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.

— Дигар нигораи нодири Осорхонаи миллӣ ин «Кӯзаи Ваҳдат» мебошад. «Кӯзаи ваҳдат» низ таърихи бисёр ҷолиб дорад. 18 июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд. Моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буд. Корвон аз Кулма ва Мурғоб оғоз гардида, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд расид ва ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд, — афзуд Фирдавси Абдулҳамид.

Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Пешвои миллат изҳор намуданд, ки: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!». Хушбахтона, ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ низ дар гӯшаи “Ваҳдати миллӣ” дар Осорхонаи миллӣ дар радифи дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи “Эҳёи ваҳдат” ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамзамон дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараҳои офаридаи расомони машҳури Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд, ки ба мавзуи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд.

Асари рассом Олимҷон Рабиев ҳифз ва муаррифӣ мешавад, ки он соли 2016 офарида шудааст. Номи асари офаридаи Олимҷон Рабиев «Сулҳ мақсади асосӣ» мебошад. Расом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иҳотаи парандаи сулҳ — кабӯтар тасвир намудааст.

Дигар мусаввараи арзишманди Осорхонаи миллӣ ин асари офаридаи расом Ғафур Ҷӯраев «Савганди ҷовидонӣ» мебошад.

Дар асар ҳамон лаҳзаи таърихии бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Мусаввара аз ҷониби иштирокдорони чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 — солагии Иҷлосияи 16 — уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.


Пешвои миллат мусаввараро ба Осорхонаи миллӣ эҳдо намуданд. Шумораи чунин мусаввараҳо дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллӣ зиёданд.

Ҳоло дар Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ ба 8 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва олмонӣ гузаронида мешаванд ва он имкон медиҳад, то осори ба мерос гузоштаи миллати тоҷик ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ барои худшиносӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шаванд.

Воқеан, Осорхона дар радифи дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи мардум, хусусан ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, созандагӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон нақши муҳим дорад. Хусусан, насли ҷовони тоҷик бояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштагони худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб донанд. Борои огоҳӣ доштан ва расидан ба чунин мақсадҳо, бояд тариқи айёният, махсусан тавассути шиносоӣ, ташриф ва дидан аз осорхонаҳо, мавзеҳои таърихӣ дар ниҳоди ҳар як нафар ҳисси ифтихор аз таърих ва ҳифзи арзишҳои милиро ба вуҷуд оварем.

Дар ин самт осорхонаҳо ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ буда, метавонанд дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос ва таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми бориз дошта бошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 27, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд
Байни нашрияи «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид