Дар Остона дуюмин вохӯрии роҳбарони Идораҳои патенти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин доир гардид

Июнь 19, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дуюмин вохӯрии роҳбарони Идораҳои патенти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба таври ҳузурию маҷозӣ иштирок карда, барои ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак доир ба моликияти зеҳнӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода оид ба вазъи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Чин сухан намуда, рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар минтақаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Иброз гардид, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд