Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд

Июнь 18, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани ҷавонон — хатмкунандагони мактабҳои олии мамлакат бо кори доимӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо иштироки идораю муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар радифи дигар идораҳои давлатӣ дар намоишгоҳ кормандони масъули Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуда, ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва дигар корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни намоишгоҳ ҷойҳои кори холӣ ба иштирокдорон оид ба тартиби қабул ба кор, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шарту шароит ва дигар имконият маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар қисмати пешниҳоди рӯнамо оид ба фаъолияти соҳаи бонкдорӣ, масъулини «Амонатбонк» дар мавзуи «Амонатбонк ва сиёсати ҷавонон» сухан гуфта, оид ба самти фаъолияти назарраси ҷавонон дар ин бонк ба иштирокдорон-хатмкунандагон ва корҷӯён маълумот доданд.

Бояд тазаккур дод, ки ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ барои татбиқи яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани ҷавонон ва хатмкунандагони мактабҳои олии мамлакат мусоидат менамояд.

АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 18, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид