Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн, соати 18:00 дар Театри давлатии таҷрибавии тамошобинони ҷавони ба номи Муҳаммадҷон Қосимов «Аҳорун» Нахустнамоиши «Ман Таҳминаам…», ки аз рӯи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешниҳод мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин театр хабар доданд.
Намоишнома дар асоси яке аз сужаҳои фоҷиавии эпос — достони Рустам ва Суҳроб тартиб дода шудааст. Аммо бар хилофи ривояти анъанавӣ, таваҷҷуҳ ба қаҳрамони ҷанг набуда, балки ба зан — модар нигаронида шудааст.
Коргардони ин намоишнома Музаффар Шарифӣ буда, нақши асосиро ҳунарпеша Суруш Ловӣ, ки аз Фаронса даъват шудааст, иҷро мекунад.
Интихоби «Шоҳнома» тасодуфӣ нест. Зеро ин достон на танҳо адабиёт, балки ифтихори миллӣ ва рамзи фарҳангии Тоҷикистон аст. Он асрҳо ба шоирон, рассомон, файласуфон ва тамошобинони театр илҳом мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Бояд гуфт, ки нахустнамоиши филми «Ман Тахминаам…» дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашне, ки рамзи сулҳу оромӣ ва ҳамбастагии фарҳангии мардум аст, баргузор мешавад.
АКС: Театри давлатии таҷрибавии тамошобинони ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов «Аҳорун»








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






