Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Сиани Чин лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ менамоянд

Июнь 20, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 июни соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода аз рушди ҳамкории мавҷуда бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари Чин ёдовар шуда, таваҷҷуҳи хосаи донишгоҳро ба густариши робитаҳои илмию таълимӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар самтҳои мубодилаи академии донишҷӯёну устодон, татбиқи барномаҳои таҳсилоти дуалӣ, ташкили конференсияҳо ва форумҳои муштарак, инчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ табодули афкор намуданд.

Шероз Мӯминзода изҳор дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ ба густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалият дода, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро аз самтҳои муҳими стратегӣ мешуморад.

Роҳбари Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Сиан профессор У. Яоу омодагии донишгоҳи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ изҳор намуда, пешниҳоди татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро матраҳ сохт.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Июнь 20, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд