Ду озмоишгоҳи Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуд

Июнь 3, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 озмоишгоҳи замонавӣ — «Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявии пайвастагиҳои табиӣ  ва синтетикӣ» ва «Коркарди комплексии маъданҳо» муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Таъсиси озмошигоҳҳои муосир  ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои навтарин  дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1987 ташкил ёфта, аз он замон то инҷониб бо базаи модиву техникӣ таъмин нагардида буд.

Ин сеюмин озмоишгоҳ аст, ки дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияҳои наву замонавӣ таъмин мегардад.

Иброз гардид, ки дар озмоишгоҳҳо ашёҳои табиию синтетикӣ, маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ таҳия ва таҳқиқ карда мешаванд.

Озмоишгоҳҳо имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии мамлакатро фароҳам меорад. Инчунин дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ барои рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми  назаррас мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маъданҳои гуногуни табиӣ мебошад, ки дар таркиби онҳо моддаҳои бисёр пурарзиш, ба монанди бор, алюминий, кремний ва дигар унсурҳои муҳим мавҷуданд. Аз ҷумла, маъданҳои боросиликатию алюмосиликатӣ дар табиати Тоҷикистон фаровон мебошанд.

АКС: Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад