«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид

Июнь 26, 2025 16:16

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа барои мо имрӯз арзиши волою муқаддас ба шумор меравад   ва хушбахтона, имрӯз тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки ваҳдат муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти мо мебошад. Чунин иброз гардид  зимни баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат», ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз намуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ, ки  омили меҳварии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад, соҳаи фарҳанг рушду такмил ёфт. Соҳаи фарҳангу санъат  ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардидааст. Он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, тарғибгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги сулҳро ҳамчун пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи мамлакат дар такя ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарварӣ арзёбӣ намудаанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон доир ба арзиши Ваҳдати миллӣ ибрози назар намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд