Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Чин оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад

Июнь 17, 2025 16:33

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остона аз рӯи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Чин муҳтарам Си Ҷинпин як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади таъмини татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Гурӯҳи кории муштарак оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

«Ёддошти тафоҳум бо дарназардошти таҳкими равобити дӯстона байни Тоҷикистон ва Чин бо эътирофи он, ки зеҳни сунъй як соҳаи нави рушд барои ду ҷумҳурӣ ва тамоми инсоният буда, таъсири амиқ ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти тамаддуни инсонй мегузорад, ба имзо расид»,-иброз доштанд дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ.

Ҳадафи санади мазкур баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни ду давлат, тақвияти ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, пешбурди амалисозӣ ва такмили иқтисодиёт ва рушди босифати ҳар ду давлат арзёбӣ мегардад.

Дар асоси ин санад, тарафҳо бо риояи принсипҳои инсонмеҳварй ва зеҳни сунъӣ ба манфиати ҷомеа, дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиати баробар ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин уҳдадор мешаванд, ки барои тарғиб ва истифодаи манфиатҳои технологияи зеҳни сунъӣ ба нафъи мардуми ду ҷумҳурӣ ва инсоният дар маҷмӯъ мусоидат намоянд.

Тарафҳо мувофиқат мекунанд, ки механизми доимии муколамаи байниҳукуматӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода, ҳамкориро дар самтҳои тақвияти пояи рушди зеҳни сунъӣ амалӣ намоянд. Дар асоси ин санад, ҳамзамон ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар соҳаи сохтмони инфрасохтори зеҳни сунъӣ анҷом диҳанд.

Инчунин дар доираи амалишавии ин Ёддошт, ҳамкории технологии зеҳни сунъӣ тақвият ёфта, тарафҳо хоҳони густариши ҳамкорӣ дар таҳқиқи технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ буда, талоши муштарак дар омӯзиши усули васеи забонӣ, ҳамчунин, табодули техникӣ ва ҳамкориро дар самти рушди мутахассисон байни донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва корхонаҳои ду давлат ташвиқ менамоянд, то ки иқтидори таҳқиқотӣ ва навовариро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият диҳанд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 17, 2025 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад