«IMPERIУA TECHSTREAM — 2025». Дар Душанбе барои наврасон нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид

Июнь 5, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доир ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва табиӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Imperiуa TechStream — 2025» нахустин озмуни  технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун 20 даста аз 10 мактабҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Озмун ба таври интенсивӣ — яъне дар шакли муосир баргузор гардид. Иштирокчиён дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз зеҳни сунъӣ вазифаҳои мураккабро ҳангоми барномасозӣ, таҳияи сомонаҳо ва рӯнамоиҳо, таҳлил ва лоиҳакашии онҳо иҷро намуданд.

Ҳадафи асосии озмун дарёфти маҳсулоти омодашуда ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои экология, маориф, тиб, истеҳсолот ва рушди савдо мебошад. Озмун аз ду марҳила иборат буд. Дар  марҳилаи А хонандагони синфҳои 6-8 ва дар марҳилаи В хонандагони 9-10 иштирок намуданд.

Дар марҳилаи А ҷойи якум ба Гимназияи №74, ҷойи дуюм ва сеюм ба хонандагони Муасисаи ғайридавлатии «Империяи дониш» дода шуд.

Дар марҳилаи Б ҷойи якум насиби хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе», ҷойи дуюмро Муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи Умари Ҳайём» ва ҷойи сеюмро хонандагони Муасисаи давлатии таълими «Литсейи Презедентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе сазовор гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста  ташабуссҳои марбут ба татбиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди низоми маорифро дастгирӣ менамояд. Чунин дастигириҳо барои рушди босуръати давлат замина фароҳам меорад, ки бо баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ, истифодабарии технологияҳои рақамии IT  ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар ҳаёти рӯзмара алоқаманд мебошад.

Имрӯз мо метавонем дар шаҳри Душанбе истифодабарии бомуваффақияти зеҳни сунъиро дар соҳаи хизматрасонӣ мушоҳида намоем. Ин ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди инноватсионии шаҳр мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 5, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид