Имсол кишоварзони ноҳияи Восеъ ҳосили фаровон ба даст оварданд

Июнь 21, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони  ноҳияи Восеъ имсол дар натиҷаи  истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ҳосили фаровон ба даст оварда, имрӯзҳо  баҳри беталаф  ҷамъоварии маҳсулот тадбирҳои муҳим меандешанд. Онҳо нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал дар заминҳо кишти такрорӣ гузаронанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия ҷамъоварии ҳосили пиёз, картошка ва сабзӣ ҷараён дорад.  Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и  ин ҷамоат 4 гектар гандум, 50 садяк пиёз, 50 садяк картошка ва 13 гектар пахта кишт гардидааст. Хоҷагидорон аз фаровонии ҳосил хабар дода, тасмим гирифтаанд, ки баъди холӣ шудани замин, дар он дубора маҳсулот кишт намоянд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Сино-2010»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳия дар 14 гектар пахта, 2 гектар помидор, 1 гектар сирпиёз кишт намуда, дар 3 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, нашъунамои пахта хуб буда, гузаронидани саривақтии корҳои агротехникӣ ва коркарди байниқаторӣ заминаи хубро барои нашъунамо фароҳам овардааст. Хоҷаги ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад.

Заҳматкашонли хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и Ҷамоати деҳоти Миралиобод бо истифодаи мақсадноки  замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз он,  эҳтиёҷоти сокинонро қонеъ гардонида,  аз ҳисоби фоидаи аз фурӯш ба дастомадаашон шароити зисти худро беҳтар месозанд.

Хоҷагӣ дорои 34 гектар замин буда, дар 10 гектар замини он моҳипарварӣ, 7 гектар боғи интенсивии ангур, 3 гектар арчазор, 15 садяк гармхона ва 2 гектар пахтаро ба роҳ монда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 21, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид