Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, ки қисми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб мебошад, мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қитъаи мазкур 92,5 километр дарозӣ дошта, дар доираи он 12 пули мошингузар ва як нақб бо дарозии 3400 метр сохта шудаанд. Лоиҳаи мазкур, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомонӣ мебошад, айни замон бо аз худкунии 1,5 миллиард сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июн зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои ба сатҳи муосир мутобиқ намудани роҳҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Ванҷ – Хоруғ – Кулма, тадбирҳои судмандро роҳандозӣ хоҳад кард.
Татбиқи ин гуна лоиҳаҳои зерсохторӣ на танҳо ба беҳтар гардидани пайвастшавии минтақавӣ, балки ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ва таҳкими имкониятҳои транзитии кишвар мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






