«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Ин кӯзаи мунаққаш аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 15.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар экспозитсияи гӯшаи «Ваҳдати миллӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигораҳо ва аксҳои гуногун пешниҳод шудаанд, ки онҳо инъикоскунандаи давраҳои расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд. «Кӯзаи Ваҳдат» яке аз онҳост.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 1999 дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» ташкил шуд, ки ба ҳайати он 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида буданд.
Тавре дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, корвони мазкур аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуруъ карда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафар ва бо мардум суҳбату вохўриҳо доир намуда, ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуданд.
Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номгузорӣ шуд.
«Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» «Кӯзаи Ваҳдат» -ро дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Сарвари давлат бо самимият «Кӯзаи Ваҳдат»-ро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро, ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!»
Ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи «Эҳёи Ваҳдат» ба намоиш гузошта шудааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






