Маркази таълимии забони кореягии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисони забондонро омода менамояд

Июнь 17, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба хатмкунандагони даври омӯзишии Маркази таълимии забони кореягӣ ва омодасозии касбии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шаҳодатномаи хатм супорида шуд. Ҳамзамон ба онҳо вобаста ба шарту шароити бокортаъминкунӣ дар хориҷи мамлакат маълумоти муфассал дода шуд.

Тавре аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори зертобеи вазорат — Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея моҳи феврали соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимии кореягии омодасозии касбӣ ифтитоҳ гардид. Даври омӯзишӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми сеҷониба ба роҳ монда шуд, ки тули се моҳ ба хоҳишмандон забони кореягӣ омӯзонида шуд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ «Сиёсати дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст, ки маҳз барои таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷи мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин замина Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкории илмиву таълимӣ, табодули академӣ ва таҷрибавиро бо донишгоҳу донишкадҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Корея ба роҳ мондааст.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 17, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд